LIVE

Ҳамсоядухтари Роналду: Криштану ҳамсояи намунавӣ аст

Элизабет Борел, духтари собиқ ҳамлавари «Ювентус» Феличе Борел, аз ҳамсоягӣ бо Роналду ибрози назар намуд.
Футболбози португалӣ дар ноҳияи бонуфузи шаҳри Турин дар ҳамсоягӣ бо президенти бошгоҳ Андреа Анйелли зиндагӣ мекунад.

— Криштиано беҳтарин ҳамсоя аст. Боре аз манзили онҳо садои баландро нашунавидаам.
Ӯро бисёр вақт сари чанбараки «Роллс-Ройс» мебинам. Дар гаражаш хеле мошинҳои зебо ва гаронбаҳо дорад. Саҳни ҳавлиаш бошад гулборон аст. Баъзан писари Криштиануро мебинам. Ӯ скейтронӣ мекунад ва доимо таҳти назорати муҳофизон қарор гирифтааст.
Фикр намекунам, ки Криштиануи хурдӣ дилгир мешавад, ӯ ба мактаб меравад, инчунин дар ҳайати наврасони «Ювентус» бозӣ мекунад. Ман чаҳор набера дорам,  агар хоҳад – шиносашон мекунам.  Ҳамсояҳои дигар низ фарзандони зиёде доранд, тақрибан  ҳамсоли ӯ. Бешубҳа, дилгир намешавад ”, — иброз кард Элизабет Борел.

Пас аз гузариши Роналду ба дастаи туринӣ, Криштиануи хурдӣ ба академияи «Ювентус» пайваст шуд. 9-уми декабр ӯро беҳтарин бозингари мусобиқаи Trophеe Cavour эътироф карданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив