LIVE

Изҳори назари Роҷерс оиди равзанаи трансферии январӣ

Сармураббии дастаи “Лестер Сити”Брендан Роҷерс изҳор дошт, ки бошгоҳ дар равзанаи трансферии моҳи январӣ ягон бозингари худро намефурӯшад.

“Дар моҳи январ ҳеҷ кас намеравад. Ман инро қатъиян эълон менамоям. Не, ин сухани роҳбарияти бошгоҳ нест. Аммо ман боварӣ дорам, ки агар бо роҳбарияти бошгоҳ ин масъаларо ба миён орам, ҳамон гуна хоҳад шуд, ки пешниҳоди ман аст. Ман тез-тез бо бо соҳибмулк ва директори варзишии бошгоҳ вомехӯрам ва то имрӯз дар бораи гузариши шогирдонам сухане ба миён наомадааст. Бе шубҳа маълум аст, ки мо ҳайати дастаро нигоҳ доштанием. “Лестер” бисёр дастаи ҷолибест, ки ояндаи хуб дорад ва умед аст, ки дастовардҳои назаррасе дошта бошад. Бинобар ин, мо ба қароре омадаем, ки баъди январ низ бо футболбозони худ бошем.” – иқтибос овардааст аз суханони Роҷерс Sky Sports.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив