LIVE

Суарес ҷойгузини худро пайдо кард

Луис Суарес ба роҳбарияти бошгоҳи худ пешниҳод намудааст, ки ҳамлавари ҷавони тими «Челси» - Тэмми Абраҳам дар оянда метавонад ӯро бидуни мушкилӣ дар хати ҳуҷум иваз намояд. Ҳамлагари уругваӣ ошкоро гуфтааст, ки дар солҳои наздик зарурати тарки «Барселона» барояш пеш меояд ва аз имрӯз дар нақши ҳамлагари марказӣ нафареро бояд пайдо намуд ва ӯ мафтуни бозии  Абраҳам гаштааст. 
— “Ӯ ҳамлгари беҳтарин вонамуд мешавад. Бозингарони хуб зиёданд, аммо ман ҳунарнамоии бархе аз нишонзанҳои марказиро зиёд тамошо мекунам ва футболбози “Челси” аз зумраи онҳост.  Ӯ ҷавон аст ва дар майдон хуб ҳаракат мекунаду ба ҳуҷумҳо нуқта мегузорад. Ҳамчунин ба ман Макси Гомес ва Лаутаро Мартинес  низ писанд аст.  Гуфта наметавонам, ки баъди як ё ду сол дар куҷоям, аммо бисёр хоҳиш дорам, ки дар Ҷоми ҷаҳон 2022 бозӣ намоям”,  иқрор шудааст:,  Луис Суарес. 
Дар мавсими ҷорӣ Суарес дар 15 бозӣ 10 гол ба самар расонидааст. Абраҳам бошад, 10 голро дар 13 вохӯрӣ задааст. 
 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив