LIVE

Беҳтарин ҳамлагари «Ливерпул» бозигари «ПСЖ» мешавад

Ҳамлагари «Ливерпул» Садио Мане имкон дорад, ки корномаи варзишиашро дар Чемпионати Фаронса идома диҳад.  Роҳбарияти бошгоҳи шаҳри Париж ҳамлагари мунтахаби  Сенегалро ба ҳайси ивазкунанадаи  Неймар пешбинӣ намуданд. Тавре, ки гуфта мешавад  Неймар бо пайдо шудани аввалин имконият «ПСЖ»-ро такр хоҳад кард. Ҷониби «Ливерпул» бошад, барои ин ҳамлагараш  100 млн € маблағ дархост намудааст. Парижиҳо таввасути Неймар  200 млн € маблағ кор карданианд ва аз ин ҳисоб на танҳо Мане, балки муҳофизатгарони «Наполи» - Калиду Кулибали ва «Ювентус» Маттиа Де Шилоро низ ба ҳайаташон ҷалб карданианд. Қарордоди ҳамкории Садио Мане бо «Ливерпул» то соли 2023 қувваи қонунӣ дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив