LIVE

Сармураббии «Арсенал» кӣ шудан мехоҳад?

Сармураббии собиқи “Бавария” Ников Ковач дастаи англисии “Арсенал” – ро роҳбарӣ кардан мехоҳад. Алъон ӯ дар Англия қарор дошта, мехоҳад бо футболи маҳаллӣ шинос шуда, паҳлӯҳои кории ояндаашро, ки дар нақша дорад, дида барояд. Дар навбати аввал, Ковачро “Арсенал” ба худ ҷалб намудааст, ки то кунун ҷойгузини Унай Эмериро ҷустуҷӯ доранд. Тибқи иттилои хабаргузории Goal, мутахассиси хорватӣ бозии “Астон Вилла” – “Лестер” – ро тамошо намуда, рӯзи душанбе бозии “Арсенал” – ро бо “Вест Хем” тамошо карданист. Расонаҳои варзишӣ хабар додаанд, ки намояндагони Нико Ковач аллакай бо роҳабрияти “Арсенал” гуфтушунид барқарор намудаанд. Акнун дар “Эмирейтс” медонанд, ки Нико Ковач сармураббии “Арсенал” шудан мехоҳад ва омода аст қарордоди ҳамкориро ба имзо расонад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив