LIVE

Намоиши “Тӯби тиллоӣ”-и Месси дар Камп Ноу

Лионел Месси “Тӯби тиллоӣ”-и худро, ки рӯзи душанбе ба даст оварда буд, ба мухлисон намоиш хоҳад дод. Ин чорабинӣ дар майдони “Камп Ноу” рӯзи шанбе, 7 декабр қабл аз бозии “Барселона” бо “Малйорка” дар назар дошта шудааст. Сафдари аргентинии бошгоҳи каталонӣ бо гирифтани “Тӯби тиллоӣ”-и шашуми худ рекорди навро дар таърих гузошт. Қаблан ӯ ин ҷоизаи олиро солҳои 2009, 2010, 2011, 2012 ва 2015 низ соҳиб гашта буд. Рақиби ҳамешагии ӯ, футболбози португалӣ – Криштина Роналду бо гирифтани ин ҷоизаи олӣ, ки панҷторо ташкил медиҳад, дар ҷойи дуюм меистад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив