LIVE

“Ливерпул”- барандаи Лигаи Чемпионҳо

Тамринҳои пайваста, шабҳои бехобӣ, нокомиҳо, азобу машақат ҳамаи ин ниҳоятан пушти сар шуду Юрген Клоппи мардтарин марди майдон ниҳоятан ба орзуяш расиду бузургтарин ҷоизаи футболро ба даст овард. Ин мавсим Лигаи Чемпионҳо бар мову шумо камбэкҳо ва муъҷизаҳои бисёре тӯҳфа намуд. Ҳамин тавр ҳамаи муддаиён барканор шуданду танҳо ду бошгоҳи ватани футбол “Тоттенхэм” ва “Ливерпул” ба финали ЛЧ роҳ ёфтанд. Дар ин майдондорӣ коршиносон ва нобиғаҳои асили футбол пирӯзиро нисбати “сурхпӯшҳо” бештар арзёбӣ мекарданд. Хулоса имшаб дар яке аз варзишгоҳҳои бузургтарини Аврупо варзишгоҳи навбунёди “Ванда Метрополитано”-и шаҳри Мадрид бозии мавсим, бозии сол байни бошгоҳҳои “Тоттенхэм” ва “Ливерпул” баргузор шуд. Ҳанӯз дар нафасҳои аввали вохӯрӣ тӯб ба дасти футболбози “Тоттенхэм” бар хурд, ки довар ба дарвозаи онҳо пеналти таъйин кард. Тӯбро Муҳаммад Салоҳ бе хато иҷро намуда, ҳисобро боз кард. Ба андешаи баъзе аз коршиносон ин ҳолат ба пеналтии сад дар сад наздик набуд ва довар имкон дошт, ки дар чунин ҳолат зарбаи ҷаримавии 11 метра таъйин накунад. Баъд аз ин гол футболбозони “Тоттенхэм” ҳарчанд баҳри баробар намудани ҳисоб кӯшиш намуданд, аммо ҳамааш бе фоида буд. Дар дақиқаи 87-уми набард Ориги ба бозӣ нуқтаи ниҳоӣ гузошта, “Ливерпул”-ро баъд аз 14 соли интизорӣ боз қаҳрамони Лигаи Чемпионҳо намуд. Ёдовар мешавем, ки соли гузашта низ “Ливерпул” ба финали ЛЧ роҳ ёфта буд, аммо “Реал” онҳоро аз ин ҷоизаи арзишнок маҳрум карда буд. Инчунин ин аввалин ҷоизаи ЛЧ барои сармураббӣ Юрген Клоппи олмонӣ мебошад. Ниҳоятан ин мураббии кордону муваффақ ба ин натиҷа ноил шуд. Дар ду финали қаблӣ аз “Бавария” ва “Реал” шикаст хурда буд. Ҳамин тавр бошгоҳи “Ливерпул” маротибаи шашум дар тӯли таърихи хеш ба гирифтани ҷоизаи Лигаи Чемпионҳо даст ёфт. Қаблан даста дар солҳои 1977, 1978, 1981, 1984, 2005 ин ҷоизаро моли худ сохта буд.

Лигаи Чемпионҳо. Финал
“Тоттенхэм” – “Ливерпул” -0:2
Голҳо: Салоҳ 2 (0:1), Ориги 87 (0:2).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив