LIVE

🤦‍♂️Барканор шудани сармураббӣ барои ғолибият бо ҳисоби 27:0

Дар Италия сармураббии тими ҷавонони «Инвиктасауро» пас аз ғолибияти бузург бо ҳисоби 27:0 бар дастаи «Мариино Калчо» аз вазифааш сабукдуш шуд.

«Воқеан мо дар ҳайрат мондем ва изҳори таассуф мекунем аз ин гуна натиҷаи бозӣ. Ин ҳамаи рӯҳияи эҳтирому арзишҳои футболи ҷавононро поймол мекунад: рақибро бояд эҳтиром кард, имрӯз бошад ин тавр нашуд.

«Ман сидқан аз дастаи «Марина Калчо» узр мепурсам ва эълом мекунам, ки шӯрои директорон якдилона тасмим гирифт сармураббӣ Риччиниро ба истеъфо равон кунад»,
- изҳор дошт президенти «Инвиктасауро» Паоло Брогелли.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив