LIVE

“Порту” бо пирӯзӣ бар “Наполи” аввалин холҳоро дар ЛЧ ба даст овард

Бозии даври 4-уми марҳилаи умумии Лигаи Чемпионҳои УЕФА 2026/2027 байни дастаи “Порту” ва “Наполи” дар варзишгоҳи Эштадиу ду Драгауи шаҳри Порту  бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 4-1 ба анҷом расид.
Лигаи Чемпионҳо. Марҳилаи умумӣ. Даври 4-ум
Панҷшанбе, 5 ноябри соли 2026. 01:00 ДШБ
“Порту” (Порто, Португалия) 4:1 “Наполи” (Неапол, Италия)
1:0 Беднарек – 11' 1:1 Мактоминей – 43' 2:1 Вейга – 71' 3:1 Кивер – 80' 4:1 Агехова – 90'
Корти сурх: Марин – 89'
Ҳимоятгари бошгоҳи “Порту” Ян Беднарек дар дақиқаи 11-ум ҳисобро кушод. Скотт Мактоминей аз “Наполи” дар дақиқаи 43-юм ҳисобро баробар намуд. Нимҳимоятгар Габриэл Вейга дар дақиқаи 71-ум ба  мизбонон пешсафӣ овард. Голи сеюми мизбонон аз ҷониби ҳимоятгар Якуб Кивер дар дақиқаи 80-ум зада шуд. Дар дақиқаи 89-ум бошад ҳимоятгари “Наполи” Рафа Марин аз майдон хориҷ карда шуд. Ҳамлагар Самуэл Агехова дар дақиқаи 90-ум бо зарбаи пеналтӣ ҳисобро ба 4-1 расонид.
Пас аз ин бозӣ, “Порту” дар ҷадвали умумии Лигаи Чемпионҳо бо се имтиёз аз чор бозӣ ба зинаи 26-ум баромад. “Наполи” бошад бо се имтиёз дар зинаи 27-ум қарор дорад.
Дар бозии даври 5-уми марҳилаи умумӣ “Порту” бо “Фейеноорд” (24 ноябр) ва “Наполи” бо “Манчестер Сити” (24 ноябр) бозӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив