LIVE

Дар як бозии чемпионати Бразилия 53 корти сурх нишон дода шуд

Дар бозии даври нимфиналии дивизиони дуюми Чемпионати Минас-Жерайс миёни  бозигарони то 20-сола байни тимҳои “Уберландиа” ва “Маморе” 53 корти сурх нишон дода шуд, ки ин рекорди ҷаҳонӣ аст, хабар медиҳад CNN Brasil.
Дар дақиқаи 54-уми бозӣ, бозигари “Маморе” Дэви, пас аз задани гол, ба сӯи бозигарони “Уберландиа” ишораҳои иғвоангезанда намуд ва рақибонро таҳқир кард, ки ин боиси задухӯрди оммавӣ гардид.
Пас аз ин ҳодиса, довар Фернандо Патрик 21 бозигари “Маморе” ва 22 бозигари “Уберландиа”-ро аз майдон хориҷ кард. Илова бар ин, ҳашт мураббӣ ва ду менеҷер аз ҳарду ҷониб - дар маҷмӯъ 53 нафар - корти сурх гирифтанд.
Ниҳоят довар тасмим гирифт, ки бозӣ бо ҳисоби 3-1 ба фоидаи “Маморе” қатъ карда шавад. Дар гузориш, довар қайд кард, ки бозиро дигар идома дода наметавонад. Патрик инчунин изҳор дошт, ки бинобар таҳдидҳои мудири “Уберландиа” нисбаташ гузориш ба полис пешниҳод шудааст.
Ин бозӣ рекорди шумораи кортҳои сурхро дар футболи ҷаҳонӣ гузошт. Рекорди қаблӣ 36 корт буд, ки 27 феврали соли 2011 дар бозии лигаи Аргентина байни “Атлетико Клейпол” ва “Викториано Аренас” ба қайд гирифта шуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив