LIVE

“Бавария” дар Лигаи Чемпионҳои УЕФА “Атлетико”-ро мағлуб кард

Бозии даври 4-уми марҳилаи умумии Лигаи Чемпионҳои УЕФА 2026/2027 байни дастаҳои “Атлетико Мадрид” ва “Бавария Мюнхен” бо ҳисоби 2-0 дар варзишгоҳи Сивитас Метрополитанои шаҳри Мадрид, Испания ба нафъи меҳмонон поён ёфт.
Лигаи Чемпионҳо. Даври 4-ум
4 ноябри соли 2026, чоршанбе. 01:00 ДШБ
“Атлетико Мадрид” (Мадрид, Испания) 0:2 “Бавария Мюнхен” (Мюнхен, Олмон)
0:1 Карл – 54' 0:2 Лаймер – 74'
Дар дақиқаи 54-ум Леннарт Карл ҳисобро кушод ва ба дастаи шаҳри Мюнхен бартарӣ дод. Конрад Лаймер дар дақиқаи 74-ум бартарии меҳмононро дучанд намуд.
“Бавария” аз чор бозӣ ҳашт имтиёз дорад ва дар ҷадвали марҳилаи умумии Лигаи Чемпионҳо дар зинаи ҳаштум қарор дорад. “Атлетико” бо чор имтиёз дорад ва дар мақоми 22-юм мебошад.
Ғолиби феълии Лигаи Чемпионҳои УЕФА тими фаронсавии “ПСЖ” мебошад, ки дар финали мавсими 2025/2026  “Арсенал”-и Лондонро бо ҳисоби 1-1 (4-3 аз рӯи пеналтӣ) шикаст дода буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив