Мусобиқаи футболи Ҷоми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои то 13 сола дар Дарвоз оғоз ёфт.
Мусобиқа дар варзишгоҳи Академияи футболи ВМКБ дар Дарвоз баргузор мешавад. Даҳ даста, ки мувофиқи низомномаи мусобиқа ба ду гурӯҳи панҷдастаӣ тақсим шудаанд, иштирок мекунанд.
Дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо барои ҷой дар марҳилаи ояндаи мусобиқа рақобат мекунанд. Барои футболбозони ҷавон ин мусобиқа имконияти муҳим барои ба даст овардани таҷрибаи бозӣ, нишон додани қобилиятҳои худ ва такмил додани маҳорати варзишии онҳост.
Мусобиқаи футболи Ҷоми президенти ФФТ барои рушд ва оммавӣ кардани футбол дар байни кӯдакон ва ҷавонон, инчунин муайян кардани футболбозони ҷавони умедбахш ҳадаф дорад.
Лигаи футболи ҷавонони Тоҷикистон ба ҳамаи иштирокчиён муваффақият, рақобати одилона ва дастовардҳои нав орзу мекунад.
