LIVE

Омори 2+2-и Феликс пирӯзии "Ал-Наср"-ро зидди "Пахтакор" таъмин кард

Рӯзи душанбе, 2-юми ноябр, бозии даври чоруми Лигаи қаҳрамонҳои элитаи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC)-и мавсими 2026/2027 байни "Пахтакор"-и Ӯзбекистон ва "Ал-Наср"-и Арабистони Саудӣ дар Тошканд баргузор шуд ва бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 6-2 ба анҷом расид.
Лигаи қаҳрамонҳои элитаи КФО. Минтақаи Ғарбӣ. Даври чорум
Душанбе, 2 ноябри соли 2026. 18:45 ДШБ
“Пахтакор” (Тошканд, Ӯзбекистон) 2:6 “Ал-Наср” (Риёз, Арабистони Саудӣ)
0:1 Ал-Ҳамдон – 15' 0:2 Феликс – 17' 0:3 Феликс – 32' 1:3 Фламарион – 36' 1:4 Ал-Амрӣ – 53' 1:5 Ғариб – 62' 2:5 Ҳамдамов – 75' 2:6 Анҷело – 79'
Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 15-ум Абдуллоҳ Ал-Ҳамдон  аз паси Жоау Феликс ҳисобро кушод. Ҳамагӣ баъди ду дақиқа   Феликс бартариро дучанд кард. Дар дақиқаи 32-юм бошад бозигари португалӣ голи дуюми хешро аз парфтофти Садио Мане ба самар расонид. “Пахтакор” танҳо дар дақиқаи 36-ум тавонист посухи голӣ зери муаллифии Фламариони бразилӣ ба меҳмонон диҳад.
Вале ҳимоятгар Абдуллоҳ Ал-Амрӣ аз як паси дигари Феликс голи чорумро зад. Дар дақиқаҳои 53-юм ва 62-юм Абдурраҳмон Ғариб баъди партофтҳои Мане тӯбро ба ҳадаф расонд.
Билохира дар дақиқаи 75-ум мизбонон ҳам бо зарбаи дақиқи Достонбек Ҳамдамов посухи дуюми голӣ доданд, аммо меҳмонон дар дақиқаи 79-ум ба шарофати голи нимҳимоятгари бразилӣ Габриэл Анҷело ҳисобро 6-2 намуданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив