Писари Криштиану Роналду, Криштиану дос Сантуш, аввалин даъвати худро ба дастаи мунтахаби то 17-солаи Португалия гирифт. Ӯ дар байни 23 бозигарест, ки Филипе Рамос барои бозиҳои марҳилаи интихобии Чемпионати Аврупо-2027 даъват кардааст.
Ҳамлагари 17-сола дар дастаи ҷавонони “Ал-Наср” бозӣ мекунад. Ӯ қаблан дар дастаҳои миллии то 15-солаи Португалия ва то 16-сола бозӣ кардааст. Дос Сантуш дар сафи мунтахаби то 16-солаи кишвараш нӯҳ бозӣ анҷом дода, се гол задааст, дар сафи дастаи миллии то 15-сола дар чор бозӣ ду гол ба ҳадаф расонидааст.
Мунтахаби Португалия дар бозиҳои марҳилаи интихобии Чемпионати Аврупо бо Андорра (11 ноябр), Булғористон (14 ноябр) ва Сербия (17 ноябр) бозӣ хоҳад кард.
