LIVE

“Барселона” ба аввалин бохт дар мавсими нави Ла Лига дучор гардид

Бошгоҳи футболи “Барселона” аввалин шикасти худро дар мавсими нави Ла Лига паси сар намуд. Ин дар бозии даври 10-уми Ла Лигаи Испания рух дод, ки дар он “каталониҳо” аз бошгоҳи “Реал Мадрид” бо ҳисоби 2-1 ноком шуданд. Бозӣ дар варзишгоҳи Spotify Camp Nou (Барселона, Испания) баргузор гардид.  
Испания - Ла Лига. Даври 10-ум
Душанбе, 26 октябри соли 2026. 01:00 ДШБ
“Барселона” (Барселона) 1:2 “Реал Мадрид” (Мадрид)
0:1 Мбаппе – 41' 1:1 Рафиня – 61' 1:2 Мбаппе – 87'
“Барселона” қаблан дар нӯҳ бозии пайдарпайи хеш дар Ла лига пирӯз шуда буд. Аз оғози мавсим, онҳо дастаҳои "Элче" (5:0), "Атлетик Билбао" (2:0), "Райо Валйекано" (5:2), "Валенсия" (5:0), "Леванте" (4:2), "Расинг" (7:2), "Севиля" (3:1), "Хетафе" (3:0) ва "Бетис" (5:2)-ро мағлуб карда буданд.
"Барселона" пас аз 10 бозии чемпионати Испания бо 27 имтиёз пешсафи ҷадвали мусобиқа буда, "Реал Мадрид" бо 24 имтиёз дар зинаи сеюм мебошад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив