Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии Мубин Эргашев ба шаҳри Масқат сафар кард. Дастаи мо дар инҷо бо мунтахаби олимпии Уммон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 22 футболбоз – 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомил мебошанд.
Нахустин рақобати дӯстона миёни мунтахабҳои олимпии Уммон ва Тоҷикистон рӯзи 3 октябр ва вохӯрии дуюм рӯзи 6 октябр доир мегардад.
Ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) барои бозиҳои дӯстона зидди Уммон:
Дарвозабонҳо: Шаҳобиддин Маҳмудзода («Регар-ТадАЗ»), Зуҳриддин Муйдинов («Хуҷанд»), Ахатҷон Раҳматов («Сардор»);
Дифоъгарон: Александр Мухин, Мухаммадҷон Рустамов (ҳарду – «Эсхата»), Муҳаммадҷон Исаков («Сардор»), Баракатулло Нигматуллозода («Ҳосилот»), Рустам Камолов, Ҷонибек Ҳодизода (ҳарду– «Барқчӣ»);
Ниммуҳофизатгарон: Ҷовидон Хушвахтов, Зариф Зарифзода, Баҳодур Назарзода, Абдулло Шаропов (ҳама – «Барқчӣ»), Абубакр Сулаймонов («Сардор»), Рамазон Бахталиев («Хуҷанд»), Юнус Исматуллоев («Истаравшан»), Муҳаммад Муҳаммадзода («Саразм»), Абдулло Иброҳимзода;
Ҳамлагарон: Азизбек Муротов («Нефтчӣ», Ӯзбекистон), Муҳаммад Назриев, Некруз Зокиров (ҳарду – «Сардор»), Беҳруз Хуҷаев («Вахш»).
Сармураббӣ – Мубин Эргашев.
