LIVE

 Месси соҳибмулки тими “Элденсе”-и Испания шуд

Ситораи футболи Аргентина Лионел Месси соҳиби бошгоҳи «Элденсе»-и Испания шуд. Ин даста дар Сегундаи футболи Испания баромад мекунад. Дар ин бора дафтари матбуотии тими испанӣ хабар додааст.

Месси тамоми саҳмияҳои клубро, ки қаблан дар ихтиёри як гурӯҳи сармоягузории Колумбия қарор дошт, ба даст овардааст. Бо ин харид, Месси дар соли 2026 соҳиби дуюмин клуби испанӣ шуд. Қаблан моҳи апрел ӯ тими «УЕ Корнеля»-ро, ки дар зинаи панҷуми футболи Испания бозӣ мекунад, ба даст оварда буд.

Роҳбарияти «Элденсе» омадани Мессиро оғози як лоиҳаи дарозмуддат медонад. Дастаи мазкур, соли 1921 таъсис ёфтааст. Ҳоло роҳбарияти тим мехоҳанд, ки мавқеи худро дар футболи касбӣ таҳким бахшида, ҳамзамон таърих, решаҳо ва рангҳои кабуду анории худро ҳифз кунад.
Бо вуҷуди расман эълон шудани харид, муомила ҳанӯз бояд аз ҷониби Шӯрои олии варзиши Испания (CSD) тасдиқ шавад.

Дар майдони футбол бошад, «Элденсе» ҳоло вазъи чандон хуб надорад. Пас аз ҳафт даври Сегунда даста бо 5 хол дар зинаи 19-ум қарор дорад ва барои дур мондан аз минтақаи поёнии ҷадвал мубориза мебарад.

Ҳамчунин, «Элденсе» то ҳол дар таърихи худ дар дивизиони олии футболи Испания бозӣ накардааст.

Ҳамин тавр, Месси фаъолияти худро дар футболи Испания акнун на танҳо ҳамчун бозигар, балки ҳамчун соҳиби клуб низ идома медиҳад. Ӯ ҳоло ҳам барои «Интер Майами» бозӣ мекунад, аммо сармоягузориҳои ӯ ба футболи Испания бештар мешаванд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив