LIVE

“Хуҷанд” ва “Сардор” дар финали Ҷоми Тоҷикистон-2026 вомехӯранд

Дуюмин иштирокчии бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2026 муайян гардид. Дар вохӯрии ҷавобии даври ниманиҳоӣ тими «Сардор»-и Турсунзода бар «Эсхата»-и Хуҷанд пирӯз шуда, ба финали мусобиқа баромад.

Ҳамин тавр, дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2026 дастаҳои «Хуҷанд» ва «Сардор» барои ба даст овардани ҷоиза мубориза мебаранд.
Бозии ниҳоӣ 18 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан баргузор мешавад. Қаҳрамони феълии мусобиқа дастаи «Регар-ТадАЗ» маҳсуб мешавад.

Ҳаҷми умумии ҷоизаҳои Ҷоми Тоҷикистон имсол 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғолиби мусобиқа 200 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали нуқра 100 ҳазор сомонӣ ба даст меорад.

 Ғайр аз ин, ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2026 соҳиби роҳхат ба Лигаи даъвати КФО-2027/28 мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив