Ҳамлагари тими миллии Португалия Криштиану Роналду метавонад барои тарки урдугоҳи мунтахаб ба муҳлати аз як то шаш моҳ маҳрум аз иштирок дар бозиҳо шавад. Ҳамчунин ба ӯ ҷаримаи молиявӣ таҳдид мекунад. Дар ин бора нашрияи A Bola хабар медиҳад.
Тибқи низомномаи интизомии Федератсияи футболи Португалия (FPF), барои чунин қонуншиканӣ ҷазоҳои ҷиддӣ пешбинӣ шудаанд. Футболбозе, ки пас аз даъвати расмӣ бидуни сабаби узрнок урдугоҳи тими миллиро тарк мекунад ё дар тамрин, бозӣ ва дигар чорабиниҳои марбут ба фаъолияти мунтахаб ҳозир намешавад, метавонад ба муҳлати аз як то шаш моҳ маҳрум аз бозӣ карда шавад.
Илова бар ин, агар футболбоз касбӣ бошад, ба ӯ ҷарима ба андозаи аз 5 то 10 воҳиди шартӣ таъин мешавад, ки тақрибан аз 500 то 1000 евроро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, дар банди дуюми моддаи 160-и низомнома гуфта мешавад, ки ҳозир нашудани футболбоз ё худсарона тарк кардани урдугоҳи даста метавонад тибқи муқаррароти низомнома ба боздоштани муваққатии ӯ оварда расонад.
Қаблан Роналду тамрини тими миллии Португалияро тарк карда буд. Ин дар ҳолест, ки сармураббии мунтахаб Жорже Жезуш гуфта буд, ки миёни ӯ ва футболбоз ҳеҷ ихтилофе вуҷуд надорад.
Роналду тасмим гирифт, ки урдугоҳи мунтахабро тарк кунад ва баъдан дар бораи қарори худ изҳори назар намуд. Ҳамзамон, як қатор расонаҳои португалӣ хабар доданд, ки Роналду ният дорад фаъолияти худро дар тими миллии Португалия ба анҷом расонад.
