LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ муқобили Чин оғоз намуд

 Мунтахаби миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Игор Ангеловский омодагиро ба бозии дӯстона муқобили мунтахаби Чин оғоз намуд.

 Пас аз як рӯзи истироҳат, ки ба бозигарон баъди анҷоми бозӣ муқобили мунтахаби Фаластин дода шуд, ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри Чунтсин ба тамринҳо баргашт.

 Айни ҳол дар ихтиёри сармураббӣ 26 бозигар қарор доранд. Ҳимоятгар Зоир Ҷурабоев, ки дар бозии муқобили Фаластин корти сурх гирифт, дар дидор бо мунтахаби Чин иштирок намекунад ва аллакай қароргоҳи мунтахаби миллиро тарк кардааст.

 Бояд зикр кард, ки бозии дӯстона миёни мунтахабҳои Чин ва Тоҷикистон 6 октябр дар варзишгоҳи «Longxing Football Stadium»-и шаҳри Чунтсин баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 16:35 ба вақти Душанбе аст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив