LIVE

Бразилия дар бозии дӯстона Австралияро шикаст дод

Дар бозии дӯстона мунтахабҳои Австралия ва Бразилия андари майдони рақобат шуданд. Бозии дастаҳо дар варзишгоҳи “Кайо”-и шаҳри Брисбени Австралия баргузор шуда, бо ҳисоби 4:2 ба фоидаи Бразилия ба анҷом расид.

Ҳисоби бозӣ дар дақиқаи 3-юм аз ҷониби дифоъгар Вандерсон ба фоидаи Бразилия кушода шуд. Австралия дар дақиқаи 28-ум бо голи Алессандро Чиркати ҳисобро баробар кард. Бо гузашти чаҳор дақиқа, нимҳимоятгар Коннор Меткалф голи дуюми Австралияро ба самар расонида, мизбононро ба пеш баровард.

Дар дақиқаи 45+1 Рафиня зарбаи ҷаримавии 11-метраро бомуваффақият иҷро карда, ҳисобро 2:2 намуд.

Дар қисми дуюм бразилиҳо бартарии худро барқарор карданд. Дар дақиқаи 70-ум нимҳимоятгар Бруно Гимарайнс гол зада, Бразилияро дубора ба пеш баровард. Дар дақиқаи 80-ум Винисиус Ҷуниор аз зарбаи пеналтӣ гол зада, нуқтаи ниҳоиро дар вохӯрӣ гузошт.

Дар танаффуси байни ду қисми бозӣ Рафиня иваз карда шуд. Тибқи иттилои расонаҳо, футболбози "Барселона" дар қисми рости ронаш нороҳатӣ эҳсос кардааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 25-уми сентябр дастаҳои Австралия ва Бразилия бозӣ дӯстона доир карда буданд. Дар он бозӣ ғолиб муайян нашуд ва дастаҳо бо ҳисоби мусовии 1:1 қаноат карданд.

Қобили зикр аст, ки Бразилия бозии навбатии дӯстонаашро рӯзи 3-юми октябр бо мунтахаби Ҳиндустон баргузор мекунад. Тими миллии Австралия бошад, бозиҳои навбатии худро моҳи ноябр бар зидди Қатар ва Урдун анҷом медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив