Дар бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи миллатҳои УЕФА мунтахабҳои Португалия ва Уэлс андари майдони рақобат шуданд. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Жозе Алваладе»-и шаҳри Лиссабон баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба нафъи мизбонон анҷом ёфт.
Дар дақиқаи 22-юми бозӣ ҳамлагари тими миллии Португалия Жоау Феликс ягона голи вохӯриро ба самар расонид.
Дар дақиқаи 59-ум Криштиану Роналду низ гол зад, лек пас аз баррасии VAR гол ба далели офсайд бекор карда шуд. Агар ин гол қабул мешуд, он метавонист 980-умин голи Роналду дар фаъолияти касбӣ бошад.
Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ Португалия рӯзи 27-уми сентябр дар майдони худ бо Норвегия бозӣ мекунад. Ҳамон рӯз Уэлс дар сафар бо Дания рӯбарӯ хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Португалия қаҳрамони феълии Лигаи миллатҳо мебошад. Дар финали мавсими гузашта, мунтахаби Португалия муқобили Испания зафар ёфта буд. Вохӯрӣ бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфта, Португалия дар силсилаи зарбаҳои 11-метра бо ҳисоби 5:3 ғалаба кард.
