Дар бозии даври аввали Лигаи миллатҳои УЕФА мунтахабҳои Норвегия ва Дания андари майдони рақобат шуданд. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Уллевол»-и шаҳри Осло баргузор шуда, мизбонон бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуданд.
Норвегия дар дақиқаи 14-ум бо голи Оскар Бобб ҳисобро боз кард. Ҳамлагари маъруфи норвегӣ Эрлинг Ҳоланд дар дақиқаи 18-ум голи дуюми дастаашро ба самар расонд.
Миккел Дамсгор дар дақиқаи 25-ум барои Дания гол зад ва ҳисобро коҳиш дод. Дар дақиқаи 50-ум ҳамлагари Дания Расмус Ҳойлунд ҳисобро баробар намуд.
Дар дақиқаи 74-уми бозӣ Эрлин Ҳоланд голи дуюмашро ба ҳадаф расонида, ғалабаи тими миллии Норвегияро таъмин кард.
Ҳамчунин, дар дақиқаи 90+3-юм ҳимоятгари Норвегия Давид Меллер Вулф корти сурх гирифт ва аз майдон хориҷ шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар даври дуюм Норвегия рӯзи 27-уми сентябр дар майдони худ мунтахаби Португалияро қабул мекунад. Ҳамон рӯз Дания дар майдони худ бо Уэлс бозӣ хоҳад кард.
