Ҳамлагари бошгоҳи футболи “Реал Мадрид” Килиан Мбаппе ба саволи он ки бо кадом бозигар бо тими шоҳона шартнома меббаст, посух дод.
"Криштиану [Роналду], Зидан ё Роналдо, агар онҳо баргарданд... Криштиану метавонад баргардад. Зизу ҳоло ҳам гоҳ-гоҳ бозӣ мекунад. Ва Роналдо... сатҳи ӯ ҳеҷ гоҳ паст намешавад. Онҳо рамзҳои ҳақиқии “Реал Мадрид” ҳастанд. Бисёр чизҳоеро доранд ва то ҳол эҳтироми бузурги мухлисони дастаи шаҳри Мадридро ба даст меоранд", - иқтибос меорад AS аз суханони Мбаппе.
Ин мавсим Мбаппе дар ҳафт бозии ҳамаи мусобиқаҳо ширкат карда, ҳашт гол ва ду голи пасӣ дорад. Шартномаи кунунии бозигар бо бошгоҳ то тобистони соли 2029 мӯҳлат дорад. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории Мбаппе 200 миллион евро аст.
