Додгоҳи аппелятсионии Париж ба ҳамлагари “Реал Мадрид” Килиан Мбаппе амр дод, ки ба ПСЖ 60 000 евро пардохт кунад, иттилоъ медиҳад L'Equipe.
Ба гуфтаи манбаъ ҷарима ҷуброни басташавии суратҳисобҳои дастаи кишвари Фаронса дар соли 2025 мебошад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли 2024 футболбози фаронсавӣ баъди гузариш ба “Реал Мадрид” алайҳи корфармои собиқаш ба маблағи 60 миллион евро даъво пешниҳод кард. Ӯ иддао кард, ки ПСЖ ба ӯ мукофотпулӣ ва имтиёзҳои ӯро пардохт накардааст. Парванда аз ҷониби додгоҳи меҳнатӣ баҳори соли 2025 баррасӣ шуд.
Дар доираи мурофиаҳои судӣ вакилони ҳамлагар муваққатан бастани суратҳисобҳои бонкии тими шаҳри Парижро оғоз карданд. Моҳи май ин чора бо дархости ПСЖG бекор карда шуд. Аммо моҳи декабр додгоҳи меҳнатӣ ба бошгоҳ амр дод, ки ба бозингар қариб 61 миллион евро пардохт кунад.
Мбаппе аз соли 2024 дар сафи “Реал Мадрид” бозӣ мекунад. Мавсими 2026/2027 ӯ дар ҳама мусобиқаҳо ҳафт бозӣ карда, ҳашт гол ва ду партофти голӣ дар номаш дорад.
