LIVE

Лионел Месси ба мунтахаби Аргентина даъват шуд

Ҳамлагари дастаи «Интер Майами» Лионел Месси ба ҳайати мунтахаби Аргентина барои бозиҳои дӯстона дар охири моҳи сентябр ва аввали моҳи октябр даъват шуд.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Аргентина, мунтахаби ин кишвар аввал рӯзи 30 сентябр бо Боливия бозӣ мекунад. Сипас аргентинҳо рӯзи 3 –юми октябр бо Буркина-Фасо ва 6-уми октябр бо Бенин вомехӯранд.
Бозӣ бо Бенин метавонад барои Месси вохӯрии видоъӣ бо мунтахаби Аргентина бошад. Қарор аст ин дидор дар варзишгоҳи «Монументал»-и Буэнос-Айрес баргузор шавад.
Ҳамчунин ба ифтихори Месси баргузории як маросими махсус дар назар аст. Интизор меравад, ки ба он қаҳрамонҳои мунтахаби Аргентина дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2022 даъват карда шаванд.
Месси рӯзи 31–уми август эълон карда буд, ки баромадҳояшро дар ҳайати мунтахаби Аргентина ба анҷом мерасонад. Ӯ дар тӯли фаъолияти худ дар тими миллӣ 207 бозӣ анҷом дода, 125 гол задааст ва 68 ассист ба қайд гирифтааст.
Месси ҳамроҳ бо Аргентина қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонии соли 2022 шудааст. Ӯ инчунин барандаи Ҷоми Амрико ва Финалиссима мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив