Бозӣ байни дастаҳои "Манчестер Юнайтед" ва "Сабоҳ" дар доираи рақобати даври 1-уми марҳилаи умумии Лигаи Чемпионҳои мавсими 2026/2027 дар варзишгоҳи "Олд Траффорд"-и шаҳри Манчестери Англия бо ҳисоби 4-0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт.
Лигаи Чемпионҳо. Марҳилаи умумӣ. Даври 1-ум
11 сентябри соли 2026, ҷумъа. 00:00 ДШБ
“Манчестер Юнайтед” (Манчестер, Англия) 4:0 “Сабоҳ” (Боку, Озарбойҷон)
1:0 Куня – 27' 2:0 Фернандеш – 42' 3:0 Шешко – 45' 4:0 Мартинес – 68'
Ҳамлагари “Манчестер Юнайтед” Матеус Куня дар дақиқаи 27-ум ҳисоби бозиро кушод. Дар дақиқаи 43-юм бошад сарвони мизбонон Бруну Фернандеш бартарии “Юнайтед”-ро афзоиш дод. Ду дақиқа пас ҳамлагар Бенҷамин Шешко ҳисобро 3-0 кард. Дар дақиқаи 68-ум ҳимоятгар Лисандро Мартинес голи чоруми “манчестенр Юнайтед”-ро ба ҳадаф расонид.
Ин аввалин бозии тими озарии “Сабоҳ” дар Лигаи Чемпионҳо буд.
Дар бозии даври 2-юми марҳилаи умумӣ “Манчестер Юнайтед” 13 октябр бо “Атлетико Мадрид” рӯбарӯ хоҳад шуд, дар ҳоле ки “Сабоҳ” дар ҳамон рӯз бо “Славия Прага” бозӣ мекунад.
