Бозии даври 6-уми Про-лигаи Арабистони Саудӣ байни тимҳои "Ал Наср" ва "Абҳа" дар варзишгоҳи "Ал Аввал Парк"-и шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 2-1 хотима ёфт.
Про-лига. Арабистони Саудӣ. Даври 6-ум
9 сентябри соли 2026, чоршанбе. 23:00 ДШБ
“Ал Наср” (Риёз) 2:1 “Абҳа” (Абҳа)
1:0 Роналду – 22' 2:0 Ал Ҳамдан – 58' 2:1 Фекир – 75'
Ҳамлагари бошгоҳи "Ал Наср" Криштиану Роналду голи аввали бозиро дар дақиқаи 22-юм ба самар расонид. Ин голи 979-умин голи ӯ дар фаъолияти касбӣ буд. Дар дақиқаи 58-ум ҳамлагар Абдуллоҳ Ал Ҳамдон бартарии дастаи мизбонро дучанд намуд. Дар дақиқаи 75-ум бошад нимҳимоятгари меҳмонон Набил Фекир ҳисобро 1:2 кард.
Пас аз панҷ бозӣ дар лигаи Арабистони Саудӣ бошгоҳи “Ал Наср” бо 15 имтиёз дар зинаи дуюми ҷадвали мусобиқа қарор дорад. “Абҳа” бо як имтиёз дар зинаи 18-ум мебошад.
