Бозии аввали марҳилаи умумии Лигаи Чемпионҳои 2026/2027 байни дастаҳои “Ливерпул” ва “Атлетико Мадрид” дар варзишгоҳи Энфилди шаҳри Ливерпул бо ҳисоби 2-1 ҷамъбаст шуд.
Лигаи Чемпионҳо. Марҳилаи умумӣ. Даври аввал
10 сентябри соли 2026, панҷшанбе. 00:00 ДШБ
“Ливерпул” (Ливерпул, Англия) 2:1 “Атлетико Мадрид” (Мадрид, Испания)
0:1 М. Лйоренте – 17' 1:1 Собослай – 40' 2:1 Мак Аллистер – 50'
Ҳимоятгари “Атлетико” Маркос Лйоренте голи аввали бозиро дар дақиқаи 17-ум зад. Сипас Доминик Собослай дар дақиқаи 40-ум ҳисобро баробар кард. Нимҳимоятгари мизбонон Алексис Мак Аллистер дар дақиқаи 50-ум муаллифи голи дуюми тимаш гардид. Дастаҳо дар вақти боқимондаи бозӣ дигар голӣ назаданд ва рақобат бо ҳисоби 2:1 ба нафъи мизбонон хотима ёфт.
Дар даври дуюми марҳилаи умумӣ “Ливерпул” бо ЛАСК (14 октябр) ва “Атлетико” бо “Манчестер Юнайтед” (13 октябр) рӯбарӯ хоҳад шуд.
ПСЖ қаҳрамони феълии Лигаи Чемпионҳо буда, дар финали “Арсенал”-и Лондонро бо ҳисоби 1-1 (4-3 аз рӯи пеналтӣ) мағлуб кард.
