Ассотсиатсияи футболи шоҳигарии Нидерланд (KNVB) оиди аз даст додани эътимод ба президенти ФИФА Ҷанни Инфантино хабар дод. Ассотсиатсияи футболи Нидерланд талаб кардааст, ки низоми идоракунии ФИФА ислоҳот мехоҳад.
"Мо дигар ба президенти ФИФА Ҷанни Инфантино бовар надорем. Ба андешаи мо, ин созмон ба роҳбарияти нав ниёз дорад. Аммо иваз кардани танҳо як президент кофӣ нест; худи модели идоракунии ФИФА тағйиротро талаб мекунад. Мо мушоҳида мекунем, ки тамаркузи аз ҳад зиёди ваколатҳо дар роҳбарии созмон ва набудани фарқияти возеҳ байни президент ва сохтори ФИФА вуҷуд дорад.
Футбол бештар аз як варзиши оддӣ аст. Он одамонро муттаҳид мекунад, фарқиятҳоро бартараф мекунад ва барои миллионҳо кӯдакон ва наврасон имкониятҳо фароҳам меорад. Аз ин рӯ, ҳуқуқи инсон ва рушди устувор бояд қисми ҷудонашавандаи қарорҳои ФИФА бошад. Дар изҳороти KNVB қайд шудааст: "Ин ҳам ба интихоби кишварҳои мизбони Ҷоми Ҷаҳон ва ҳам ба фаъолиятҳои тиҷоратӣ дахл дорад."
Қаблан Инфантино пешниҳод карда буд, ки FIFA Forward Enterprise таъсис дода шавад, ширкате, ки барои назорат кардани мусобиқаҳои калидӣ миёни мардон ва занони ФИФА пешбинӣ шудааст. Тибқи ҳисоботи федератсия ин лоиҳа метавонад тақрибан 4,2 миллиард доллар даромад ба даст орад, инчунин ба афзоиши даромад барои ассотсиатсияҳои аъзои ФИФА ва рушди футбол дар саросари ҷаҳон мусоидат кунад. Аммо ин пешниҳод баҳсҳои васеъро ба бор овард ва аз ҷониби якчанд конфедератсияҳо ва созмонҳои футбол шадидан интиқод карда шуд. Созмонҳои УЕФА, КОНКАКАФ, КФО ва КОНМЕБОЛ аз дастгирии ин ташаббус даст кашиданд. Ғайр аз ин УЕФА эълон кард, ки мусобиқаҳои таҳти сарпарастии ФИФА-ро то он даме, ки ин консепсия расман бекор карда шавад, бойкот мекунад.
