LIVE

“Рома” оиди имзокунии шартнома бо де Рон ва Балерди эълон кард

Бошгоҳи итолиёвии “Рома” оиди имзокунии шартнома бо нимҳимоятгар  Мартин де Рон аз “Аталанта” ва ҳимоятгар Леонардо Балерди аз тими фаронсавии “Марсел” эълон кард. Бошгоҳ оиди даъвати ин бозигарон дар сомонаи расмии худ эълон кард.
Нимҳимоятгар Мартин де Рон дар сафи тими қаблии худ 445 бозӣ анҷом дода, 23 гол задааст. Де Рон инчунин 44 бозӣ дар ҳайати тими миллии Нидерланд анҷом дода,  кишвари худро дар ду Ҷоми ҷаҳон  солҳои 2022 ва 2026 намояндагӣ кардааст. Нимҳимоятгар дар сафи тими римӣ пироҳан таҳти рақами 15-ро мепӯшад.
Ҳимоятгари аргентинии 27-сола Леонардо Балерди беш аз 200 бозӣ дар Аврупо дар сафи тимҳои “Боруссия Дортмунд” ва “Марсел” анҷом додааст. Балерди инчунин 11 бозӣ дар сафи тими миллии Аргентина дорад. Ӯ пироҳан таҳти рақами 26-ро дар ҳайати “ҷаллоросси” интихоб кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив