LIVE

Тақвими бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар даври интихобии ҶО-2027

Рӯзи 31-уми август бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешаванд.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «D» се бозӣ анҷом медиҳад. Рақибони дастаи мо мунтахабҳои Баҳрайн (31 август), Афғонистон (3 сентябр) ва Урдун (6 сентябр) мебошанд.
Ҳамаи бозиҳои гурӯҳи «D» дар варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»-и шаҳри Исо-Тауни кишвари Баҳрайн баргузор мешаванд.
Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ ва инчунин ҳафт дастаи беҳтарини ҷойи дуюм роҳ меёбанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив