Ҳамаи иштирокчиёни марҳилаи умумиии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА 2026/2027 муайян шуданд. Дар маҷмӯъ 36 даста дар марҳилаи умумии мусобиқа рақобат хоҳанд кард.
Бисту нӯҳ даста мустақиман ба марҳилаи умумӣ роҳ ёфтанд ва ҳафт роҳхати боқимондаро дастаҳое, ки аз марҳилаи интихобӣ гузаштаанд, ишғол карданд. Чаҳор ҷои охиринро бошгоҳҳои “Фенербахче”, “АЕК Афина”, “Викинг” ва “Слован” соҳиб шуданд.
Рӯйхати дастаҳое, ки ба марҳилаи умумии Лигаи Чемпионҳо роҳ ёфтаанд:
“Арсенал”, “Манчестер Сити”, “Манчестер Юнайтед”, “Астон Вилла”, “Ливерпул” (ҳама Англия), “Барселона”, “Реал Мадрид”, “Вилларреал”, “Атлетико Мадрид”, “Бетис” (ҳама Испания), “Интер Милан”, “Наполи”, “Рома”, “Комо” (ҳама Италия), “Бавария Мюнхен”, “Боруссия Дортмунд”, “РБ Лейпсиг”, “Штутгарт” (ҳама Олмон), “ПСЖ”, “Ланс”, “Лилл” (ҳама Фаронса), “ПСВ Эйндховен”, “Фейеноорд” (ҳарду Нидерланд), “Порту”, “Спортинг” (ҳарду Португалия), “Галатасарой”, “Фенербахче” (ҳарду Туркия), “Буде/Глимт”, “Викинг” (Норвегия), “Клуб Брюгге” (Белгия), “Славия (Чехия), “Шахтёр” (Украина), “Сабоҳ” (Озарбойҷон), ЛАСК (Австрия), АЕК (Юнон), “Слован” (Словакия).
