Се бозии ҷавобии марҳилаи плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА дар мавсими 2026/2027 ба анҷом расид ва се дастае, ки ба марҳилаи умумӣ роҳ меёбанд, муайян шуданд.
Дастаҳои зерин ҳуқуқи бозӣ дар марҳилаи умумӣ пайдо карданд: ЛАСК (Австрия), бар Селтик (Шотландия) пирӯз (0-3, 5-1); “Буде/Глимт” (Норвегия), зидди НЕК Неймеген (Нидерланд) зафар ёфт (3-1, 3-0); ва “Сабоҳ” (Озарбойҷон) муқобили “Хапоел Беер Шева” (Исроил) пирӯзӣ ба даст овард (1:2, 5:2).
Рӯйхати дастаҳое, ки ба марҳилаи умумии Лигаи Чемпионҳо роҳ ёфтаанд:
“Арсенал”, “Манчестер Сити”, “Манчестер Юнайтед”, “Астон Вилла”, “Ливерпул” (ҳама Англия), “Барселона”, “Реал Мадрид”, “Вилярреал”, “Атлетико Мадрид”, “Бетис” (ҳама Испания), “Интер Милан”, “Наполи”, “Рома”, “Комо” (ҳама Италия), “Бавария Мюнхен”, “Боруссия Дортмунд”, “РБ Лейпсиг”, “Штутгарт” (ҳама Олмон), ПСЖ, “Ланс”, “Лилл” (ҳама Фаронса), ПСВ Эйндховен, “Фейеноорд” (ҳарду Нидерланд), Порту, “Спортинг” (ҳарду Португалия), “Клуб Брюгге2 (Белгия), “Славия Прага” (Чехия), “Галатасарой” (Туркия), “Шахтер Донеск” (Украина), “Буде/Глимт (Норвегия), “Сабоҳ” (Озарбойҷон), ЛАСК (Австрия).
