LIVE

Натиҷаи бозиҳои марҳилаи плей-оффи Лигаи Чемпионҳои УЕФА

Рӯзи сешанбе, 25-уми август, се бозии ҷавобии марҳилаи плей-оффи Лигаи Чемпионҳои УЕФА 2026/2027 баргузор шуданд.  
Натиҷаи марҳилаи плей-оффи Лигаи Чемпионҳо барои 25 август:
“Сабоҳ” (Озарбойҷон) – “Хапоэл Беэр-Шева” (Исроил) — 5:2;
“Буде/Глимт” (Норвегия) – “НЕК Неймеген” (Нидерланд) — 3:0;
“ЛАСК” (Австрия) – “Селтик” (Шотландия) — 5:1.
Дастаҳое, ки дар бозии марҳилаи плей-офф ғолиб меоянд, ба марҳилаи умумии Лигаи Чемпионҳо роҳ меёбанд, ки қуръакашии он рӯзи 27-уми август баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, қаҳрамони феълии Лигаи Чемпионҳои УЕФА тими фаронсавии “ПСЖ” мебошад. Дар финали мавсими 2025/2026 парижиён "Арсенал"-и Лондонро (1-1, 4-3 аз рӯи пеналтӣ) шикаст доданд. Финали мусобиқаи навбатӣ бошад рӯзи 5-уми июни соли 2027 дар варзишгоҳи "Метрополитано"-и Мадрид баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив