LIVE

"Нюкасл" оиди гузариши Нико Гонсалес бо "МанСити" ба мувофиқа расид - Романо

Бошгоҳи футболи "Нюкасл Юнайтед" бо "Манчестер Сити" барои харидории нимҳимоятгар Нико Гонсалес ба таври шифоҳӣ ба мувофиқа расидааст. Рӯзноманигор Фабрисио Романо дар ин бора дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод.
Ба гуфтаи манбаъ ин трансфер 47 миллион фунт стерлинг (тақрибан 55 миллион евро) арзиш дорад ва илова бар ин 3 миллион фунт стерлинг (тақрибан 3,5 миллион евро) мукофотпулӣ низ пешбинӣ шудааст. Худи бозигар аллакай барои пайвастан ба "зоғон" розӣ шудааст.
Гонсалес аз моҳи феврали соли 2025 дар сафи "Сити" бозӣ мекунад. Мавсими гузашта  бозигари 24-сола дар ҳамаи мусобиқаҳо 41 бозӣ анҷом дода, ду гол задааст. Шартномаи кунунии бозигар бо “шаҳриён” то тобистони соли 2029 мӯҳлат дорад. Тибқи маълумоти портали Transfermarkt арзиши бозории Гонсалес 40 миллион евро мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив