LIVE

“Ливерпул” дар даври аввали ПЛА зидди “Нюкасл” аз бохт наҷот ёфт

Бозӣ байни дастаҳои “Нюкасл Юнайтед” ва “Ливерпул” дар даври аввали мавсими  Премер-лигаи Англия 2026/2027  бо ҳисоби мусовии 2-2 дар варзишгоҳи Сент-Ҷеймс Парк (Ньюкасл-апон-Тайн) ба анҷом расид.
Англия – Премер-лига. Даври 1-ум
Якшанбе, 23 августи соли 2026. Соати 20:30 ДШБ
“Нюкасл Юнайтед” (Нюкасл-апон-Тайн) 2:2 “Ливерпул” (Ливерпул)
1:0 Эланга – 5' 1:1 Гакпо – 55' 2:1 Уиллок – 57' 2:2 Собослаи – 90+9'
Дар дақиқаи панҷум Энтони Эланга дар ин бозӣ ҳисобро кушод ва "зоғон"-ро ба пешӣ баровард. Коди Гакпо дар дақиқаи 55-ум ҳисобро ба нафъи "Ливерпул" баробар кард. Дар дақиқаи 58-ум Ҷо Уиллок дигарбора мизбононро дар ҳисоби пешсаф намуд. Вале Доминик Собослаи аз тими меҳмонон дар дақиқаи 90+9 тавонист аз зарбаи пеналти ҳисобро баробар намояд.
Охири мавсими гузашта, "Нюкасл Юнайтед" бо 49 имтиёз дар зинаи 12-уми ҷадвали Премер-лига  қарор гирифт, дар ҳоле, ки. "Ливерпул" бо 60 имтиёз мавқеи панҷумро ишғол намуд.
"Нюкасл Юнайтед"  рӯзи 29-уми август дар сафар бо "Тоттенҳэм Ҳотспур" бозӣ намуда, "Ливерпул" бошад дар ҳамон рӯз бо "Ноттингем Форест" ба майдон меояд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив