Бошгоҳи футболи “Тоттенхэм” ният дорад, ки ба “Ливерпул” барои ба даст овардани ҳамлагар Коди Гакпо пешниҳоди нав ирсол кунад, мегӯяд Николо Шира дар шабакаи иҷтимоии Х.
Ба гуфтаи манбаъ бошгоҳи шаҳри Лондон аллакай бо ин бозигари 27-солаи нидерландӣ дар бораи шартномаи шахсӣ ба мувофиқа расидааст. Созишнома барои панҷ мавсим аст.
Аммо “Тоттенхэм” дар сурати қатъ шудани гуфтушунидҳо оиди созишномаи Гакпо як варианти алтернативиро баррасӣ мекунад. Номзади эҳтиётӣ ҳамлагари “Челси” Михаил Мудрик аст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки моҳи декабри соли 2024 санҷиши допингии Мудрик барои истеъмоли мелдоний натиҷаи мусбат гирифта буд. Пас аз бекор кардани мӯҳалти муҷозоти ин бозигари украинӣ ӯ се бозӣ дар сафи “Челси анҷом” дод, ки ин ҳам дар маҷмӯъ 39 дақиқа дар бозиҳо бо “Ювентус”, “Милан” ва “Дорул Такзим” буд.
