LIVE

Бруну Фернандеш пешниҳоди тамдидкунии шартнома бо “МЮ”-ро рад кард — Таволиери

Нимҳимоятгар ва сарвони бошгоҳи футболи «Манчестер Юнайтед” Бруну Фернандеш пешниҳоди беҳтаршудаи тамдидкунии  шартнома аз ҷониби дастаашро рад кард, хабар медиҳад рӯзноманигор Саша Таволиери дар саҳифаи хеш дар шабакаи иҷтимоии X.
Пешниҳоди тими англисӣ афзоиши музди солонаи 500 000 евроро дар бар мегирифт. Ин маблағ барои бовар кунонидани Фернандеш барои тамдиди шартномааш кофӣ набуд. Шартномаи кунунии бозингар бо “Манчестер Юнайтед” то 30 июни соли 2027 эътибор дорад.
Нимҳимоятгар аз моҳи январи соли 2020 дар сафи “Манчестер Юнайтед” бозӣ мекунад. Мавсими гузашта Фернандеш дар ҳама мусобиқаҳо 37 бозӣ анҷом дода, нӯҳ гол ва 22 партофти голӣ ба омор гирифт. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбоз 35 миллион евроро ташкил медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив