LIVE

Ҳамаи ҷуфти бозиҳои даври плей-оффи ЛЧ 2026/2027 муайян шуданд

Шоми 11-уми август бозиҳои ҷавобии даври сеюми марҳилаи интихобии мавсими Лигаи Чемпионҳои УЕФА 2026/2027 баргузор шуданд, ки дар натиҷаи он ҳамаи ҷуфти бозиҳои даври плей-оффро муайян карданд. 
Ҷуфтҳои бозиҳои даври плей-оффи Лигаи Чемпионҳо 2026/2027 инҳоянд:
“Фенербахче” (Туркия) – “Лион” (Фаронса);
“НЕК Неймеген” (Нидерланд) – “Буде/Глимт” (Норвегия);
“Хапоел Беер Шева” (Исроил) – “Сабоҳ” (Озарбойҷон);
“Слован” (Словакия) – “Селйе” (Словения);
“Селтик” (Шотландия) - ЛАСК (Австрия);
“Динамо Загреб” (Хорватия) – “Викинг” (Норвегия);
“Левски София” (Булғористон) - АЕК (Юнон).
Бозиҳои аввали ин марҳила 18-уми август ва бозиҳои ҷавобӣ рӯзи 25-уми август баргузор мешаванд. Ғолибони ин бозиҳо ба марҳилаи умумии Лигаи Чемпионҳо ва мағлубшудагон ба марҳилаи умумии Лигаи Аврупо роҳ меёбанд.
“ПСЖ” қаҳрамони феълии Лигаи Чемпионҳо мебошад, ки дар финали мавсими 2025/2026 “Арсенал”-и Лондонро   (1:1, 4:3 аз рӯи пеналтӣ) мағлуб карда буд.

Next Post

Комментарии 1

Гость Yahya
Гость Yahya от 14 августа 2026 15:52
با عرض سلام!
اگر زبان برنامه تان فارسی هم شود برای فارسی زبان ها بهتر می‌شود
تشکر از برنامه خوب تان

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив