Бошгоҳи футболи “ПСЖ” оиди имзокунии шартнома бо дифоъгари мунтахаби Фаронса Люк Дин аз тими англисии “Астон Вилла” эълон кард. Шартномаи ӯ бо дастаи нав то тобистони соли 2029 мӯҳлат дорад ва ӯ дар сафи парижиён пироҳани рақами 12-ро ба бар хоҳад кард.
"Бароям шарафи бузург аст, ки пас аз таҷрибаи аҷибе, ки беш аз 10 сол пеш дар ин ҷо доштам, ба “ПСЖ” бармегардам. Аз оне, ки бошгоҳ дар тӯли солҳо чӣ гуна рушд кардааст, махсусан таассурот дорам. Имконот дар базаи тамринӣ истисноӣ буда, орзуҳои дастаро инъикос мекунанд. Бесаброна интизори оғози ин қисмати нави маснади варзишӣ ҳастам ва тамоми таҷрибаи худро ба нафъи дастаи истифода хоҳам бурд. Боз ҳам ҳама кори аз дастам меомадаро мекунам, то шарафи бошгоҳи “ПСЖ”-ро ҳимоя кунам", - иқтибос овардааст сомонаи расмии бошгоҳи парижӣ аз суханони Дин.
Мавсими гузашта Лукас дар ҳама мусобиқаҳо 44 бозӣ анҷом дод ва ҳафт ассист ба номаш навишта намуд. Ҳимоятгар ҳамчунин шаш бозӣ дар Ҷоми ҷаҳонии 2026 анҷом дод. Дин қаблан аз соли 2013 то 2015 дар дастаи “ПСЖ “ бозӣ кардааст.
