Собиқ ҳамлавари бошгоҳи “Ливерпул” Муҳаммад Салоҳ метавонад фаъолияти варзишии худро дар Туркия идома диҳад. Бошгоҳи туркии “Трабзонспор” бо бозигари мисрӣ музокирот анҷом медиҳад. Хадамоти матбуоти бошгоҳ расман инро дар саҳифаи хеш дар шабакаи иҷтимоии X эълон кард.
Қаблан, президенти бошгоҳи “Трабзонспор” Эртуғрул Доған дар шарҳи овозаҳо дар бораи гузариши эҳтимолии Салоҳ, ҳама гуна созишҳоро рад кард ва ваъда дод, ки вақте хабарҳо дар ин бора дастрас мешаванд, матбуот ва мухлисонро огоҳ мекунад.
Қаблан расонаҳои Туркия хабар доданд, ки бозигари мисрӣ бо “Трабзонспор” шартномаи дусола баст. Салоҳ тобистони имсол “Ливерпул”-ро ҳамчун агенти озод тарк кард. Ҳамлагар дар нӯҳ мавсими охир дар тими англисӣ бозӣ менамуд.
