Дирӯз, 4-уми август, бозиҳои даври сеюми марҳилаи интихобии Лигаи Аврупои УЕФА 2026/2027 баргузор шуданд.
Натиҷаи бозиҳои Лигаи Аврупо барои рӯзи 4-уми август (бо вақти Душанбе):
“Ларн” (Ирландияи Шимолӣ) - “Иберия 1999” (Гурҷистон) — 0:0;
“Шемрок Роверс” (Ирландия) – “Эгнатия” (Албания) — 3:1.
Бозиҳои даври сеюми марҳилаи интихобии мавсими Лигаи Аврупо 2026/2027 аз 4 то 13-уми август баргузор мешаванд.
Қаҳрамони феълии Лигаи Аврупо дастаи "Астон Вилла"-и Англия мебошад, ки дар финали мавсими гузашта дар варзишгоҳи "Тюпраш"-и шаҳри Истанбули Туркия "Фрайбург"-ро бо ҳисоби 3:0 шикаст дода буд.
