LIVE

“ПСЖ” аввалин пешниҳоди харидории Педри омода мекунад - манбаъ

Бошгоҳи футболи “ПСЖ” ният дорад, ки нимҳимоятгари “Барселона” Педриро ба даст орад ва аввалин пешниҳоди худро омода мекунад, иттилоъ медиҳад нашрияи El Nacional.
Ба гуфтаи манбаъ "сурх-кабудҳо" омодаанд, ки барои харидории қаҳрамони ҷаҳон ва Аврупо 90 миллион евро пардохт кунанд. Педри баъди гузариши нимҳимоятгари “Манчестер Сити” Родри ба сафи “Реал Мадрид” таваҷҷӯҳи парижиёнро ба худ ҷалб кард.
Педрии 23-сола аз соли 2020 инҷониб дар бошгоҳи каталонӣ бозӣ намуда, бо омори 245 бозӣ, 28 гол  ва 33 паси голӣ ҳатто ба унвонии яке аз сарвонҳои тим расидааст. Шартномаи ӯ бо "блаугранас" то тобистони соли 2030 мӯҳлат дорад. Тибқи фарзияи сомонаи Transfermarkt, арзиши тахминии Педри 150 миллион евро мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив