Бошгоҳи футболи “Интер Майами” маротибаи дигар ба нимҳимоятгари “Наполи” Кевин Де Брюйне таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад, хабар медиҳад нашрияи испании Mundo Deportivo.
Ба гуфтаи манбаъ бошгоҳи амрикоӣ мехоҳад ин белгиявиро бо Лионел Месси, Луис Суарес ва Родриго Де Пол муттаҳид кунад ва дар дар муҳити даставӣ боз як ситораи дигари сатҳи ҷаҳониро шомил кунад.
Қайд карда мешавад, ки дар тобистони соли 2025 инсайдери маъруф Николо Скира хабар дода буд, ки “Интер Майами” ва ки ба Де Брюйне таваҷҷӯҳ дорад. Бозигари белгиявӣ бо бошгоҳ гуфтушунид анҷом дод, аммо қарор кард, ки дар Аврупо бимонад.
Акнун, ба гуфтаи Mundo Deportivo, гузариш ба МЛС барояш боз ҳам варианти қобили қабул шудааст. Илова бар ин “Интер Майами”, “Чикаго Файр” ва “Сан Диего” вазъияти атрофи бозигарро назорат мекунанд.
Нимҳимоятгар мавсими қаблӣ дар сафи “Наполи” 21 бозӣ анҷом дода, панҷ гол ва чор ирсоли голӣ ба номаш навишта намудааст.
