LIVE

“Реал Мадрид” ҳамлагари нав харидорӣ намуд

Бошгоҳи футболи “Леванте” дар сомонаи расмии худ оиди трансфери ҳамлагар Карлос Эспи ба “Реал Мадрид” эълон кард. Бошгоҳ таъкид мекунад, ки ин созишнома бузургтарин фурӯши бозингар аз академияи ҷавонони клуб дар таърихи он аст. Шартномаи ӯ бо ҷониби “Лос Бланкос” то 30 июни соли 2031 мӯҳлат дорад.
Ба гуфтаи рӯзноманигор Фабрисио Романо “Реал Мадрид” имкони харидории ҳамлагари 21-соларо ба маблағи 25 миллион евро фаъол кардааст.
Мавсими гузашта Эспи дар ҳама мусобиқаҳо 27 маротиба ба майдон омада, 13 гол задааст. Шартномаи бозингар бо “Леванте” то тобистони соли 2027 мӯҳлат дошт. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории Эспи 20 миллион евро мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив