LIVE

“Барселона” бо Маркус Рэшфорд хайрухуш кард

Бошгоҳи футболи “Барселона” бо ҳамлагари англис Маркус Рэшфорд хайрухуш кард. Ин футболбоз дар сафи "блаугранас" тариқи иҷора бозӣ мекард ва ҳуқуқҳои ӯ ба “Манчестер Юнайтед” тааллуқ доранд.
"Мо ҳар дақиқаро бо ту дӯст медоштем, Рэшфорд! Дар бахи нави маснади варзишӣ барои ту барори кор!" – навишта шудааст дар саҳифаи расмии бошгоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Маркус Рэшфорд 30 июл оиди рафтани худ аз "Барселона" хабар дод.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки футболбози англис барои мондан дар "Барселона" омода аст то музди меҳнаташро кам кунад, аммо тими каталонӣ имкони хариди ӯро фаъол накардааст. Ҳоло ӯ бо "Манчестер Юнайтед" таҳти сарварии Кэррик ба мавсими нав омодагӣ мебинад, аммо гузариш ягон тими аврупоиро рад накардааст.
Мавсими гузашта ҳамлагар дар сафи "Барселона" 49 анҷом дода, 14 гол  ва 14 партофти голӣ ба омор гирифт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив