Сармураббии собиқи бошгоҳи футболи Ливерпул Арне Слот сарфи назар аз таваҷҷӯҳи бошгоҳи "Ал-Аҳлӣ" қасд дорад фаъолияти худро дар яке аз лигаҳои пешсафи Аврупо идома диҳад, хабар медиҳад ESPN.
Ба гуфтаи манбаъ ин мутахассиси 47-сола номзади асосӣ барои иваз кардани Маттиас Яйсле дар тими шаҳри Ҷидда аст, аммо худи Слот дар бораи бозгашт ба футболи Аврупо фикр мекунад. Баъди рафтанаш аз “Ливерпул”дастаҳо аз Англия, Олмон ва Италия ба ин мураббӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карданд. Ӯ инчунин ҳамчун номзади эҳтимолӣ барои ишғол кардани мақоми сармураббигии тими миллии Нидерланд зикр шуда буд.
Слот пас аз ду мавсими роҳбарии “Ливерпул” моҳи май ин тимро тарк кард. Дар соли аввали худ ӯ пас аз рафтани Юрген Клопп дастаро ба унвони чемпионӣ дар Премер-лигаи Англия расонида буд.
