Дар мусобиқаи байналмилалии футбол миёни ҷавонон таҳти унвони Gothia Cup дар Гётеборги Шветсия 20 бозигари яке аз дастаҳои Эфиопия нопадид шуданд. Пулис онҳоро дар амаликунии мақсадҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ гумонбар медонад, хабар медиҳад The Local.
Дар мусобиқаи имсола дастаҳо аз 77 кишвар, аз ҷумла чор даста аз Эфиопия, ширкат карданд.
Ба гуфтаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Шветсия дар рӯзи финал кормандони мактабе, ки бозигарон ва калонсолони ҳамроҳ дар он ҷо зиндагӣ мекарданд, муайян карданд, ки тамоми гурӯҳ манзили худро тарк кардаанд.
Ташкилкунандагони мусобиқа бо пулис тамос гирифтанд ва даҳ рӯз пас аз анҷоми мусобиқа то инҷониб макони гумшудагон номаълум боқӣ мемонад.
