Тими итолиёвии "Милан" овозаҳо дар бораи марги собиқ ҳимоятгари даста Франко Барезиро рад кард.
"Милан" хабарҳои бардурӯғеро, ки ба наздикӣ дар бораи Франко Барези паҳн шудаанд, рад мекунад.
Франко давраи душворро аз сар мегузаронад ва бошгоҳ ӯ ва оилаашро бо меҳр пуштибонӣ мекунад.
Мо аз ҳама даъват мекунем, ки нисбати ҳаёти шахсии ӯ эҳтиром гузоранд ва ба паҳн шудани маълумоти беасос мусоидат накунанд", - гуфта мешавад дар изҳороти хадамоти матбуотии бошгоҳи футболи "Милан".
Барези аз соли 1978 то 1997 дар ҳайати "Милан" бозӣ кардааст. Ӯ бо ин даста шаш маротиба қаҳрамонии Италия, чор маротиба дорандаи Суперҷоми Италия ва се маротибаи дигар ғолиби Лигаи Чемпионҳо шудааст. Барези ҳамчунин қаҳрамони ҷаҳон бо тими миллии Италия дар соли 1982 аст.
